- 1978
Таъсиси факултаи физикаву математика. Соли аввал 150 нафар донишҷӯ дошт.
- 1979
Аз 1 сентябр факулта ба факултаҳои алоҳидаи физика ва математика ҷудо шуд.
- 1982
Ба факулта ду нафар олими ҷавон — номзадҳои илмҳои физикаву математика ба кор омаданд.
- 1992
Бо даъвати ҳокимияти вилояти Хатлон ва садорати донишгоҳ номзадҳои илмҳои физикаву математика барои баланд бардоштани иқтидори илмии факулта ба кор даъват шуданд.
- 1992
Кафедраи алгебра ва геометрия ҳамчун кафедраи мустақил таъсис ёфт.
- 2000
Кафедраи методикаи таълими математика ҳамчун кафедраи мустақил фаъолият оғоз кард.
- 2008
Кафедраи таҳлили математикӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ ҳамчун кафедраи мустақил таъсис ёфт.
Таърихи факулта
Марҳилаҳои асосии рушди факулта аз таъсис то имрӯз.